top of page

ProZ Pro Bono дар як нигоҳ

Қисми зиёди ин саҳифаи интернетӣ ба англисист, вале мо ҳамчунин хоҳони фароҳам овардани имкон ба дӯстон ва муштариёнамон дар канору гӯшаҳои дунё барои ба даст овардани маълумот дар бораи ин барнома ба забонҳои модарии онҳо ҳастем. Саҳифаи поёнӣ ин лоиҳа, иштирокдорони он ва ангезаи онҳоро шарҳ медиҳад. Саҳифа аз ҷониби гурӯҳе аз ихтиёркорони дурахшони мо тарҷума шудааст. Шумо низ метавонед ба мо ба дилхоҳ забон нависед ва мо ба Шумо ҳам ба он забон посух хоҳем гуфт.

ProZ Pro Bono дар як нигоҳ

Чӣ, барои кӣ, кай, дар куҷо, чаро?

Чӣ
Барномаи ProZ Pro Bono ташаббуси хайриявии ройгонест, ки ProZ.com - бузургтарин анҷумани тарҷумонҳои касбӣ дар дунё, ба он иқдом кардааст. Ин барнома забондонҳои касбиро бо ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ва шахсони алоҳида, ки ба кӯмаки тарҷумаи хаттӣ ё шифоӣ ниёз доранд, бо ҳам мепайвандад. Аз тариқи ин барнома ProZ.com шабакаи глобалии кумаки забониро фароҳам меорад, ки дастрасӣ ба иттилоъ ва хадамоти муҳимро барои ҷомеа ва доираҳои камхизматдида фароҳам меорад.​

Барои кӣ?

Барномаи ProZ Pro Bono ба созмонҳои ғайртиҷоратӣ дар саросари ҷаҳон ҷиҳати осон гардонидани кори онҳо бо ҷомеа ва доираҳои бисёрзабона хизмат мерасонад, то онҳо манобеи бе ин ҳам маҳдуди худро ба мақсадҳои асосии худ сарф кунанд. Тарҷумаҳои хаттӣ ва шифоӣ аз ҷониби забондонҳои касбӣ, ки узви ProZ.com мебошанд, иҷро мешаванд. Ин нафарон мехоҳанд саҳми мусбати худро ба ҷомеа аз тариқи пешкаши таҷрибаи худ ба нафарони ниёзманд ба таври ройгон гузоранд. Барнома аз тарафи аъзои ProZ.com маблағгузорӣ мешавад

Дар куҷо?

​Барномаи ProZ Pro Bono дар миқиёси ҷаҳонӣ фаъол мебошад. Забондонҳои касбӣ ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ аз гӯшаву канори ҷаҳон метавонанд дар он ширкат кунанд. Барнома зарфиятҳои виртуалии ProZ.com-ро барои ташкили ҳамкориҳои фаромарзӣ истифода мебарад. Ихтиёркорон хадамоти худ ва корафтодагон кумаки зарурдоштаашонро метавонанд новобаста аз мавқеи географиашон пешкаш ва талаб кунанд.

Кай?

Барномаи ProZ Pro Bono ташаббуси давомдор буда, ширкат дар он тамоми сол имкон дорад. Забондонҳои касбӣ метавонанд ҳар замон ба ҳайси ихтиёркор худро номнавис кунанд, ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ва шахсони алоҳидаи корафтода ҳар вақти зарурӣ метавонанд дархости худро фиристанд. Инъитофпазирӣ дар замонбандӣ имкон медиҳад, ки ба дархостҳои оҷил фавран ҷавоб дода шавад.

Чаро?

Барномаи ProZ Pro Bono ҷиҳати бардоштани фосилаи забонӣ барои онҳое, ки дар расонидан ё гирифтани иттилои зарурӣ бо мушкил мувоҷеҳ шудаанд, хизмат мекунад. Он бо арзишҳои меҳварии ProZ.com, ки таҳкими ҳамкориҳо ва кумак ба доираҳои тарҷумонист, ҳамнаво буда, ба дунё дигаргунии беҳтаре ироа медиҳад. Ин барнома рилосаи васеътареро дар пешбурди дарк, расонидан ва дастрасӣ ба иттилоъ дар миқиёси ҷаҳонӣ бо ҷо меорад.

Барнома иқдомест дизсӯзона ва муассир, ки ба соҳибкасбони забондон имкон медиҳад, то ихтиёран таҷрибаву ҳунари худро ба ниёзмандон дар саросари Замин ба хизмат гузоранд. Тарҷумонҳои хаттӣ ва шифоҳии ихтиёркор дар Барномаи ProZ Pro Bono таҷрибаву ҳунари худро на барои фоидаи шахсӣ, балки барои расонидани саҳми мусбат ба ҳаёти ниёзмандони кумакҳои забонӣ, пешкаш мекунанд.

Барои пайдо намудани Сафир дар кишваратон ё донандаи забони Шумо лутфан ба саҳифаи Сафирон нигаред.

Translated by/Тарҷумаи: Mirzosharif Jalolov

bottom of page